ғоибона — [غايبانه] 1. нодида, шахсан вонахӯрда 2. дар набудани касе, дар ғайби касе; муҳаббати ғоибона касеро нодида дӯст доштан; муҳаббати пинҳонӣ; саломи ғоибона саломе, ки ба шахси аз назар дур расонида мешавад 3. аз кор ҷудо нашуда таҳсил кардан:… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бетакаллуф — [بي تکلّف] ба одоби муоширати маълум побанд нашуда, бидуни иззатталабӣ, ба даъват ва «гиред, гиред» ҳо мунтазир нашуда; бемалол, беибо … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
аласт — [الست] а. д. рӯзи ибтидои офариниш; рӯзи азал мутобиқи тафсири Қуръон, замони оғозин, ки рӯҳҳо (арвоҳ) офарида шуда буданд, вале ҷасадҳо (аҷсод) ҳанӯз офарида нашуда буданд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
архаизм — [ارخئزم] ю. збш. калима ё ибораи аз истеъмол баромада, кӯҳнашуда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бафурҷа — [بفرجه] гуфт. бафурсат; оромона, саросема нашуда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бачкӣ — [بچکي] растании ҷуворӣ ё ҷуворимакка, ки зич мекоранд ва баъд аз баланд шудани қадаш ҳосилашро мунтазир нашуда, барои хӯроки чорво медараванд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бебаҳра — [بي بهره] бенасиб, беҳисса, нобархурдор: бебаҳра мондан бенасиб мондан, баҳраманд нашуда мондан; маҳрум мондан аз чизе … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беистифода — [بي استفاده] истифода нашуда, мавриди истифода қарор нагирифта … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беитоат — [بي اطاعت] итоат накарда, мутеъ нашуда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бекорхобида — [بيکا ر خوابيده] сифати феълии замони гузашта аз бекор хобидан; истифоданашуда; замини бекорхобида замини солҳои сол кишт нашуда; замини нокорам … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ